Ҳукумати Тоҷикистон ба ду ширкати ҳавопаймоӣ - ширкати хусусии «Сомон Эйр» ва ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» бо камкунӣ (тахфиф)-и арзиши хизматгузориҳои фурудгоҳҳо дар ҳаҷми 50% имтиёз додааст.
Директори ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (ФБД) Рустам Холиқов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор кард, ки сарфи назар аз ин имтиёз, айни замон маблағи умумии қарзи ҳарду ширкат дар назди фурудгоҳи пойтахт ҳудуди 81 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 55 млн. сомониаш қарзи «Тоҷик Эйр» ва боқимонда қарзи «Сомон Эйр» аст.
«Албатта, мо ба пешниҳоди имтиёзҳо мухолиф нестем, зеро бахубӣ медонем, ки рушди ширкати ҳавопаймоӣ кори осон нест. Ман чунин мешуморам, ки ба «Сомон Эйр» бояд бештар имтиёз дода шавад, чунки ширкат ба харидани ҳавопаймоҳо 300 млн. долллари ИМА маблағгузорӣ намуда, ин хароҷот бояд пӯшонида шавад ва онҳо бояд аз имтиёзи зиёдтаре бархӯрдор бошанд, вале ҳоло ҳкумати мо ба ин мутобиқ нашудааст», - зикр кард Холиқов.
Роҳбари ФБД таъкид намуд, ки ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» яке аз бехатартарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, сармоягузорӣ ба бахши ҳавопаймоии тоҷик бояд бо пешниҳоди имтиёзҳо ҳавасманду қадрдонӣ шавад.
«Ширкат баҳри харидории таҷҳизот ва омӯзиши ҳайати шахсӣ маблағҳои зиёд масраф мекунад ва бояд ин воситаҳоро рӯйпӯш намояд. Агар мо имтиёз надиҳем, он рақобатнопазир гардида, ширкатҳои дорои таҷҳизоти кӯҳна ҷойи онро дар бозор танг месозанд. Аз ин рӯ, мо сармоягузоронро бояд дастгирӣ кунем», - иброз дошт номбурда.
Холиқов қайд кард, ки тарофаҳои фурудгоҳи Душанбе ва ба гунаи мисол фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав набояд қобили муқоиса бошанд. «Фурудгоҳи «Домодедово» низ таҷҳизоти ба мо монандро мехарад, вале тавассути ин фурудгоҳ солона ба ҳудуди 20 млн. нафар мусофирон хизматгузорӣ карда шуда, садҳо маротиба ҳавоаймоҳо бештар аз фурудгоҳи мо ба он менишинанд, яъне гардиши онҳо нисбат ба мо зиёд буда, мутаносибан тарофаҳояшон низ пасттаранд. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аз гаронии хизматгузориҳои фурудгоҳҳо шикоят надорад», - шарҳ дод номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон тарофаҳо ба хизматгузорӣ барои ширкатҳои ҳавоаймоиву мусофирон тағйир наёфта, онҳо дар торнамои ФБД - www.airport.tj интишор шудаанд.
Бо назардошти аз ҳисоб баровардани маблағи хароҷоти марбут ба сохтмони терминали нав, даромади софи ФБД дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 35 млн. сомониро ташкил додаанд ва бидуни аз ҳисоб баровардани ин хароҷот, даромади фурудгоҳ ба 65 млн. сомонӣ баробар аст.
Нимсолаи аввали соли равон дар ФБД ба 358 ҳазору 339 нафар мусофирон хизматгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% камтар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста