Нимсолаи аввали соли равон беш аз 298 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3% ё худ 45,6 ҳазор тонна камтар аст.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра гандум ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон бо нархи 355 доллари ИМА барои 1 тонна оварда шудааст.
Коҳиши ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳуриро Тағоймуродов ба мавҷудияти захираҳои кофӣ ва афзоиши истеҳсоли зироати ғалладона дар дохили ҷумҳурӣ марбут медонад.
«Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки дар маҷмӯъ нархи аксари маҳсулот, аз ҷумла гандуму орд ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори мо, пеш аз ҳама ба тағийри нарх дар кишварҳои истеҳсолкунанда, болоравии арзиши хизматгузориҳои нақлиётӣ, номунтазамии таъминот ва ҳамчунин хусусияти мавсимӣ доштани нархгузорӣ ба баъзе навъҳои маҳсулот вобастаанд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, тайи 6 моҳи соли равон ба воридоти гандум ба Тоҷикистон 56 субъекти хоҷагидорӣ (90,6%) ва чанде аз соҳибкорони инфиродӣ (9,4%) машғул будаанд.
«Аз ин миқдор Агентии давлатии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ – 10%, ҶДММ «Магнолия» (Хуҷанд) – 9,35%, ҶДММ «Ансор-2012» (ноҳияи Спитамен) – 7,3%, ҶДММ «Мирас (Хуҷанд) – 8,09%-и гандумро ба кишвар ворид намуда, миқдори боқимонда ба ширкатҳои дигар мансуб аст», - зикр кард Тағоймуродов.
Бино ба маълумоти Агентии зиддиинҳисорӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ як халта орди 50-килогии истеҳсоли Қазоқистон дар бозорҳои шаҳри Душанбе 140-150 сомонӣ, Хуҷанд – 138-140 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа – 145-150 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд. Дар ин давра 50 кило орди истеҳсоли ватанӣ ба ҳисоби миёна 145 сомонӣ арзиш дошт.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста