Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 132,82 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 25,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода, зикр кард, ки ҳаҷми қарзи берунаи кишвар ба аввали соли равон 2 млрд. 169,41 ё худ 28,5% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил медод.
Ба гуфтаи вазир, коҳиши ҳаҷми қарз аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои «Эксимбонк»-и Чин, Иттиҳоди Аврупо ва дигар қарздеҳон сурат гирифта, дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 56,84 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 15,18 млн. $ маблағ равона гардид ва соли 2013 дар маҷмӯъ ҷиҳати пардохти қарзи асосӣ – 100,4 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 33 млн. $ маблағ сафарбар мегардад.
«Имрӯз қарздеҳи бузургтарини Тоҷикистон Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 891 млн. $ ба ин кишвар рост меояд. Тамоми ин воситаҳо ба сохтмони иншооти зербино дар Тоҷикистон, яъне иқтисодӣ воқеъӣ – бахшҳои энергеткиаву роҳ ва нақлиёт равона гардидаанд. Ҳамаи қарзҳо имтиёзнок буда, мо ҳамроҳ бо «Эксимбонк» ба хулосае расидем, ки муҳлати имтиёзноки пардохти қарзҳо барои Тоҷикистон аз 5 то ба 9 сол дароз карда шавад», - зикр кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар сохтори сандуқи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон 1 млрд. 930,62 млн. доллари ИМА худ 22,9% аз ҳаҷми ММД-ро ташкил медиҳад. Боқимонда қарз бо кафолати давлатӣ дар ҳаҷми 16 млн. $ ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ ба маблағи 31,52 млн. доллари ИМА мебошанд.
Қарзи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ, ки аз ҷониби Бонки миллӣ пардохт мегардад, ба 137,6 млн. $ ва қарзи аз Чин гирифтаи Бонки миллӣ ба 17 млн. $ баробар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста