Пас аз як зина боло рафтани Тоҷикистон аз мақоми кишвари сатҳи пасти даромад, ниҳодҳои молии байнулмилалӣ Тоҷикистонро ба сифати кишвари сатҳи миёнаи даромад эътироф намуданд.
Дар нишасти матбуотии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ин робита изҳор намуд, ки нишондиҳандаҳои гузариш ба кишвари сатҳи миёнаи даромад аз рӯйи мизони Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ, сатҳи некӯаҳволӣ ва даромади аҳолӣ муайян карда мешаванд.
«Имрӯз сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии ҶТ 1 ҳазор $-ро ташкил медиҳад ва агар тибқи баробарии қобилияти харидорӣ ҳисоб шавад, пас даромади аҳолӣ на камтар аз 1,3 ҳазор $ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соле пеш он аз 400 $ беш набуд», - шарҳ дод вазир.
Ба қавли ӯ, дар давраи миёнамуҳлат болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум идома меёбад. «Гузаштани кишвар ба сатҳи миёнаи даромад имкон фароҳам месозад, ки натанҳо воситаҳои бурсӣ, балки воситаҳои нави имтиёзноки қарзӣ ва сармоя ҷалб карда шавад. Воситаҳоро мо метавонем аз ҳисоби Бонки байнулмилалии таҷдиду рушд, ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст ва аз ҳисоби Фонди рушди Бонки осиёгии рушд дастрас намоем», - иброз дошт ӯ.
Вазир изҳори итминон кард, ки ба роҳ надодан ба коҳиши сатҳи ҷалби бурсҳо дар ҳаҷми умумии қарзҳо дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Қобили зикр аст, ки тибқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», ба синфи миёнаи байнулмилалӣ оилаҳоеро метавон мансуб донист, ки хароҷоти шабонарӯзиашон бо назардошти қобилияти харидорӣ, дар ҳудуди ҳудуди аз 5,6 то 11,5 доллари ИМА барои як нафар қарор дорад.
Аз ин рӯ, афзоиши босуръат ва устувори синфи миёнаи ҷумҳурӣ ба рушди иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ марбут аст. Тибқи стратегияи соли равон қабулшуда, дар Тоҷикистон аз коҳиши сатҳи камбизоатии 38,3% (соли 2012) то 31,5% дар соли 2015 интизорӣ меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста