Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 дар маҷмӯъ 468 млн. сомонӣ (ҳудуди 100 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 379 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-1 ва 86 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-2 аст.
Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Суҳроб Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи имкон ширкат ҳар моҳ дар ҳаҷми на камтар аз 10 млн. сомонӣ қарзҳои Сангтӯда-1 ва ба маблағи 4-6 млн. сомонӣ қарзҳои Сангтӯда-2-ро пардохт менамояд, ки барои пардохти музди меҳнати кормандони нерӯгоҳҳо кофӣ аст.
«Масъалаи қарз дар сатҳи вазоратҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад ва мо умедворем, ки ояндаи наздик онҳо комилан ҳаллу фасл хоҳанд шуд», - мегӯяд Раҳимов.
Ба қавли ӯ, чун аз аз соли 2011 дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷараёни бозсозии корхона идома дорад, масъалаи ба дӯши кадоме аз сохторҳо вогузор шудани ин қарзҳо ва минбаъд имкони эҷоди халал дар кори ин сохторҳо рӯйи кор омадааст.
Ба иттилои сардори Раёсати бозсозии ширкати «Барқи тоҷик» Уғулой Хоҷаева, масъалаи марбут ба қарзи ширкат бояд то соли 2018 – замони комилан ба анҷом расидани бозсозии ширкат ҳал шавад.
«Қарзҳои ширкат зиёданд ва мо бо ҳукумат дар ин самт кор мекунем. Агар мо ширкатро бо назардошти ин қарзҳо ба корхонаҳо алоҳида ҷудо кунем, минбаъд онҳо ба фаъолият қодир нахоҳанд буд», - зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарӣ маълум шуд, ки кормандони чанде аз сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» муддати ду моҳ аст, ки музди меҳнат нагирифтаанд. «Қарз аз музди меҳнат ҳудуди 32 млн. сомониро ташкил медиҳад ва ояндаи наздик ин масъала ҳаллу фасл мешавад», - иброз дошт Раҳимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста