Агар Тоҷикистон ва ширкати марбут ба коркарди маъданҳои кӯҳии Қазоқистон - «Ка zzinc » нисбати «Кони Мансури Калон» ба як хулоса наоянд, он гаҳ ҷониби Тоҷикистон метавонад дар мавриди интихоби паймонкор барои коркарди ин кон - яке аз бузургтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон, боз як тендери дигар эълон намояд.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Шӯҳрат Раҳматбоев 30-юми июл дар нишасти хабарӣ зикр кард, ки тендер аллакай чаҳор сол аст, ки идома дорад, аммо ҷонибҳо ҳамоно ба хулосае наомадаанд.
«Пешниҳодоти ироанамудаи иштирокчӣ баррасӣ мешаванд. Муҳим аст, ки кор ба нафъи ҳарду ҷониб сурат бигирад. Ин масъала дар сатҳи комиссияи давлатӣ муҳокима шуда истодааст ва дар ояндаи наздик мо бояд дар мавриди ин масъала ба як хулосаи муайян биёем»,-зикр кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон расман барои коркарди маъдани Кони Мансури Калон тендер эълон кард. Нахуст 10 ширкат ҷиҳати иштирок дар тендер ариза пешниҳод намуданд. Аммо аввали моҳи марти соли 2010 рӯйхати мухтасари иштирокчиёни тендер эълон шуд, ки ба он ширкатҳои BHP Billiton (бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон), Zijin Mining (истеҳсолкунандаи бузургтарини тило дар Чин), JNMC (истеҳсолкунандаи бузургтарини никел дар Чин ва яке аз ширкатҳои кӯҳкории бузургтарин дар Осиё) ва консорсиуми ширкатҳои «Казцинком», ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), Glencore Inc (Швейтсария), КМТ «Адрасмон» (Тоҷикистон) шомил гардиданд.
Минбаъд Zijin Mining ва JNMC бо сабабҳои гуногун аз ширкат дар тендер даст кашиданд. Тобистони соли 2012, Ширкати BHP Billiton (Австралия) аз иштироки минбаъда дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои коркарди кони Кони Мансури Калон худдорӣ кард. Ин қадами ширкатҳоро ҷониби Тоҷикистон ба вазъи мураккаби молиявии ин ширкатҳо алоқаманд меҳисобад, зеро «Кони Мансури Калон» лоиҳаи серхароҷот махсуб мешавад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои роҳандозии истихроҷи маъдан аз кони мазкур беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.
«Кони Мансури Калон» дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст ва яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад, ки майдонаши 4 километр метри мураббаъро ташкил кардааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонна маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб - 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Кони Мансури Калон зиёда аз 70 ҳазор тонна мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста