Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав (МОИ) солҳои оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ намешавад.
«Ба мо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав дар чандин минтақаҳо пешниҳодҳо ворид шуданд,- гуфт ӯ. – Аммо чунин пешниҳодот дар 3-4 соли оянда тасвиб нахоҳанд шуд. Ин кор ба он алоқаманд аст, ки аз лиҳози банизомоварии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ душвориҳо ҷой доранд. Ғайр аз он, бунёди инфрасохтори ибтидоии МОИ маблағҳои зиёдро талаб мекунанд».
Ҳамин тариқ, МОИ-и нав мумкин аст фақат баъд аз мустаҳкам шудани чунин минтақаҳои аллакай дар кишвар ташкилшуда пайдо шаванд,-зикр кард ӯ.
Мавсуф таъкид кард, ки дар чаҳор МОИ-и амалкунанда то кунун корҳои муайян анҷом дода шудааст. «Даҳ субъекти МОИ-и «Суғд» аллакай ба истеҳсоли махсулот пардохтаанд. Давлатзода қайд кард, ки то охири семоҳаи саввуми соли ҷорӣ дар МОИ-и «Данғара» дар нақша аст соҳибкорони эронӣ корхонаи истеҳсоли моддаҳои шӯяндаро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Рафти сохтумони инфрасохтори ибтидоӣ дар МОИ-и «Панҷ» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста