Масъалаи хусусигардонии собиқ сохторҳои монополистиро, ки баъди бозсозӣ ба якчанд воҳидҳо тақисм мешаванд, ҳукумат алҳол баррасӣ надорад.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Анвар Наҷмиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми сохторҳое, ки қаблан корхонаҳои бузург ва монополистҳо дар бозор маҳсуб меёфтанд, ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат табдил дода шуданд.
«Ҳадафи асосии азнавташкилдиҳии корхонаҳои бузург тақсими онҳо ба субъектҳои ҷудогонаи хоҷагидорӣ аст, то ки дар байни онҳо робитаҳои истеҳсолии иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, ҳамчунин фаъолияти пурсамари ин корхонаҳо таъмин карда шавад», - иброз дошт ӯ.
Ба гунаи мисол ӯ аз вазъи кунунӣ дар ҶСК «Тоҷик Эйр» сухан гуфта, зикр кард, ки пас аз тақсими корхона ба воҳидҳои алоҳида даромаднокии онҳо тадриҷан афзуда, ҳаҷми зарар коҳиш меёбад ва дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ хуб шуда истодаанд.
«Дар робита ба хусусигардонии корхонаҳо ҳукумат нақшае надорад ва айни замон ҷиҳати фурӯши онҳо барои фаъолияти озодона ба хулосаи ниҳоӣ нарасидааст, ҳамаи онҳо таҳти назорати давлат қарор дошта, баъзе иншооти ҷудогонаи зербинои ин корхонаҳо ба фурӯш гузошта мешаванд, ки аз ҷониби ширкатҳо мавриди истифода қарор надоранд», - гуфт Наҷмиддинов.
Қобили зикр аст, ки айни замон бозсозии се корхонаи давлатӣ – «Телерадиоком», «Тоҷиктрансгаз» ва «Тоҷик Эйр» пурра (100%) ба анҷом расида, корҳои таҳияи нақшаи инфиродии хусусигардонии боз 6 субъектҳо идома доранд. Аз ҷумла, корхонаҳои бузурге чун энергохолдинги «Барқи тоҷик» ва Ширкати алюминии тоҷик «Талко» низ бозсозӣ ва ба якчанд корхонаҳои ҷудогона табдил дода мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста