Ду корхонаи ватанӣ ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шуда, ояндаи наздик маҳсулоти онҳо бо ин тамға дар фурӯшгоҳҳо пешкаш хоҳад шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи назорати давлатии меъёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти давлатии Тоҷикистон Афзалшо Воҳидов хабар дод, сертификати «Ҳалол» ба коргоҳи ҳасиббарории «Амирӣ» (Душанбе) ва ҶДММ «Файзи Расул» (Хуҷанд) дода шудааст.
«Дар баъзе фурӯшгоҳҳо маҳсулоти гӯштӣ бо тамғаи «Ҳалол»-ро дидан мумкин аст, вале ин навъи маҳсулот алҳол дар мо истеҳсол намешавад ва корхонаҳои зикршуда баъди як-ду ҳафтаи дигар ба фурӯши маҳсулоти худ таҳти ин тамға шурӯъ мекунанд», - иброз дошт А.Воҳидов.
Ба қавли номбурда, айни замон ба 37 корхонаи ватанӣ барои гирифтани иҷозатномаи тамғаи «Ҳалол» шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва 14-тои онҳо барои дасрасӣ ба он дархост пешниҳод намудаанд.
Варианти тоҷикии иҷозатномаи тамғаи «Ҳалол» бо забонҳои тоҷикиву форсӣ ва англисӣ навиштаҷот дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста