Эҳтимоли иштироки ширкатҳои чинӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат –Ёвон зимни мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фань Сяньжун барассӣ гардид.
Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯри ҳамчунин атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, иштироки паймонкорони хитоӣ дар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон, таъмири роҳҳои назди даромадгоҳҳои нақби Шаршар, раводиди чандкаратаи Хитой барои интиқолди6андагони Тоҷикистон ва ифтитоҳи хатсайри парвози иловагии Урумчӣ-Душанбе табодули назар сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии қарзи Чин барои сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки 27 млн. долллари ИМА-и он ба сохтмони нақбу пулҳо дар ин роҳ масраф гардида, 15 млн. долллари ИМА-и боқимонда бевосита ба сохтмони роҳ равона хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки шартнома оид ба ҷудо намудани ин маблағҳо рӯзҳои наздик ба имзо бирасад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 километри қитъаи Ваҳдат-Ёвон, ки дарозии умумиаш бояд беш аз 40 километрро ташкил бидиҳад, сохта шудааст. Дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ дар беш аз 27 километри қисмати мазкур идома дошта, қисмати боқимонда дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста