Раёсати нави фурӯши барқ (Тоҷикэнергосбыт), ки аввали моҳи июл дар ҳайаати ширкати «Барқи тоҷик» таъсис дода шуд, пурсамар ба фаъолияти худ оғоз бахшид.
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо моҳи июли соли ҷорӣ раёсат аз истеъмолгарон 57 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқ ҷамъоварӣ намудааст, ки аз нишондиҳандаи моҳи июн 16 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
«Дар баробари ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ, раёсат ба корҳои шарҳу таблиғотӣ миёни истеъмолгарон оид ба пардохти нерӯи барқи истифодашуда низ вусъат мебахшад», - зикр кард Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарии раёсати нав ба зиммаи Амонулло Саъдуллоев, собиқ роҳбари «Тоҷикэнергоснаб» вогузор шудааст.
Ёдрас мекунем, ки раёсати фурӯши барқ қаблан низ вуҷуд дошт, вале соли 2010 барҳам дода шуда, акнун дар доираи бозсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.
«Раёсати фурӯши барқ бо ҳамаи истеъмолгарон, аз ҷумла қарздорон низ оид ба масъалаи пардохти маблағи пулӣ барои истифодаи барқ сарукор дошта, ҷамъоварии маблағи истеъмолгарони хориҷӣ, яъне нерӯи барқи ба хориҷи кишвар содиршаванда дар салоҳияти онҳо нест», - таъкид дошт Ёдгорӣ.
Бино ба маълумоти васоити ахбор умуми Тоҷикистон, Амонулло Саъдуллоев бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода (Ҳасан Саъдуллоев) аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста