Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон (БМГ) дар масъалаи ташкили маркази махсуси хазинадорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМГ, як ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо имконоти нодири маркази махсуси хазинадорӣ дар назди БМГ шинос шудаанд.
Президенти БМГ Георги Кадакидзе зимни вохӯрӣ изҳор намудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо тавсияи Бонки марказии Олмон ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи муваффақона ба Гурҷистон ташриф овардааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази хазинадории назди БМГ моҳи июли соли 2012 кушода шуда, дар қаламрави ИДМ ягона аст ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, комилан ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст.
«Ҳайати Тоҷикистон бо ислоҳоти тайи чанд соли ахир суратгирифта аз наздик ошно гардид. Бо тавсияи Бонки марказии Олмон онҳо Гурҷистонро барои таҷрибаандӯзӣ интихоб намуданд ва ин бори дигар гувоҳи он аст, ки мо дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил шудаем», - гуфтааст Кадагидзе.
Ширинов дар навбати худ изҳор намудааст, ки ислоҳоти аз ҷониби БМГ суратгирифта ҷолиб ва сазовори ибрат мебошанд.
«Ин ислоҳот ба рушди иқтисоди кишвар ва мушаххасан бахши бонкӣ мусоидат намуда, яке аз омилҳои дар маркази таваҷчуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ давлатҳои шӯравӣ қарор гирифтни Гурҷистон аст», - гуфтааст раиси БМТ.
Гуфта мешавад, коршиноси Бундесбанк Андреас Дикман ва директори минтақавии ширкати «Гизеке и Девриент» Дитмар Рейчел ҳайати Тоҷикистонро дар Гурҷистон ҳамроҳӣ намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста