Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» корҳои васли низоми Multilateration (MLAT) дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, дар минтақаи шимоли кишвар ин технология аллакай мавриди истифода қарор дошта, барои идораи мустақилонаи парвози ҳавопаймоҳо дар фазо имкони хуб фароҳам овард, зеро то соли 2010 хизматгузории ҳаракат дар фазои вилояти Суғд аз ҷониби Ӯзбекистон анҷом дода мешуд.
Ба иттилои манбаъ, низоми мазкур аз ҷониби ширкати «Эра»-и Чехия таҳия гардида, ба корҳои васлу насби он дар Тоҷикистон низ ҳамин ширкат машғул аст.
«Васли ин низом низ ба маҷмӯи чорабиниҳои беҳбуди таъмини парвозҳо равона гардида, ин технология воситаи бештар пурсамари назорати фазо дар шароити кӯҳистон аст ва аз ин рӯ, миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ин низом танҳо дар Арманистну Тоҷикистон истифода мешавад», - шарҳ доданд дар корхона.
Зимнан зикр гардид, ки бо ҷорӣ шудани низоми Multilateration, аз истифодаи низоми радиолокатсионӣ дар Тоҷикистон даст накашида, онҳо муштарак амал хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста