Тоҷикистон воридоти гази моеъро назар ба моҳҳои январ-июли соли 2012 ба 67 дарсад афзуд.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 101, 194 тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
«Фурӯши ҳармоҳаи гази моеъ дар саросари ҷумҳурӣ се баробар боло рафтааст. Агар соли гузашта ба ҳисоби миёна аз Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳар моҳ 5 ҳазорӣ тонна ин навъи мавод ба фурӯш бароварда шуда бошад, он гаҳ соли ҷорӣ фурӯши ин намуди сӯзишворӣ ҳармоҳа ба ҳисоби миёна беш аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад»,-тавзеҳ доданд дар вазорат.
Тибқи ин маълумот, тавре дар вазорат зикр карданд, теъдоди автомобилҳое, ки бо гази моеъ ҳаракат мекунанд, чанде зиёд шуда, имрӯз аз 50% (соли 2012 40%) мегузарад.
Тибқи маълумоти омории Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо маблағи $586 як тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи январ-июли соли сипаришуда арзиши як тонна гази моеъ аз $697 беш набуд.
Агар сухан дар хусуси бозори чакана равад, ҳоли ҳозир дар НФС-и пойтахт арзиши як литр гази моеъ ба ҳисоби миёна 3 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамаи гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста