Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмидинов рӯзи 22-юми август бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Сергей Шаталов мулоқот орост.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо дурнамои барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва дар давраи миёнамуҳлат барои солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба ва бо дигар созмонҳои байнулмилалии молиявиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти куҳнашудаи нерӯгоҳи Роғун, масъалаи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000 ва имконоти истифодаи дигар сарчашмаҳои алтернативии энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
«Ҳамкории Тоҷикистону БАОР тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва ҳамоҳангсозии иқдомоти муштарак сурат мегирад. Баргузории ислоҳоти муваффақона ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сол то сол тамоили пастравиро касб кард», - зикр кард Шаталов.
Вазири молияи Тоҷикистон самаранокии ҳамкорӣ бо БАОР дар баргузории ислоҳоти ниҳодӣ дар кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.
Бонки авруосиёии рушд созмони байнулмилалии молиявӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Алмаато воқеъ аст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он аз ҳисоби саҳми кишварҳои узви бонк: Русия – 1 млрд., Қазоқистон – 500 млн., Белорус – 15 млн., Тоҷикистон – 500 ҳазор, Арманистон- 100 ҳазор ва Қирғизистон – 100 ҳазор доллари ИМА ташаккул ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста