Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28-уми август дар маросими роҳандозии корхонаи калони сементбарории «Хуаксин Ғаюр семент» дар ноҳияи Ёвон иштирок мекунад.
Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба «АП» маълум гардид, кулли корҳои банду баст дар корхона анҷом ёфтаанд ва корхонаро ба ифтитоҳаш омода карда истодаанд.
«Корхона бо таҷҳизоти бо ангишт коркунанда муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва он пурра ба сифати истеҳсоли сементи Хитой мутобиқат карда, меъёрҳои экологиро риоя мекунад. Ду-се мохи аввал корхона ба 50 дарсад корашро ба роҳ монда, минбаъд иқтидораш афзоиш хоҳад ёфт»,-зикр карданд дар вазорат.
Корхонаи нави муштараки истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон - «Хуаксин Ғаюр Семент», дар ҳамдастӣ бо корхонаи ҶМО «Ғаюрсемент» ва ширкати «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент»-и Чин бунёд гардидааст. Барои сохтмони ва таҷҳизонидани он $100 млн. маблағ сарф шуда, теъдоди ҷойҳои кориаш ба 1 ҳазор мерасад.
Корхонаи мазкур яке аз корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон пас аз «Тоҷиксемент» мешавад. Аммо бо назардошти он, ки «Тоҷиксемент» бо иқтидори пурра фаъолият надошт ва аз ноябри соли 2012 бо сабаби набудани гази табиӣ корро қатъ кард, интизор меравад, ки корхонаи нави истеҳсоли семент дар Тоҷикистон пешқадам мешавад.
Талаботи Тоҷикистон ба семент имрӯз 2,5-3 миллион тонна дар як солро ташкил дода, дар дохили кишвар фақат 20-30 дарсад аз ин ҳаҷм истеҳсол шуда, боқӣ ҳама воридот мешаванд. Ҳаҷми зиёди воридотро сементи Покистон ташкил медихад.
Ғайр аз он, дар Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, роҳандозии оташдони бо ангишт коркунанда дар «Тоҷиксемент» ба оғози моҳи сентябр муқаррар шудааст. Кори танзим ва банду басти таҷҳизотро ширкати Beijing Uni-Construction Group Co-и Чин гузаронидааст.
Лозим ба қайд аст, ки қарордоди «Тоҷиксемент» бо корхонаи чиноӣ 28-уми феврали соли 2013 дар Чин баста шуд. Маблағи қарордод 7 миллиону 730 ҳазор долларо ташкил дода, аз ин миқдор 150 ҳазор доллараш ҳаққи Тоҷикистон буда, боқимондаро Ширкати Beijing чун қарзи бефоиз ҷудо намудааст. Муҳлати баргардонидани қарз муддати 2 сол муқаррар шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста