Дар минтақаи Осиёи Марказӣ даромади пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба ислоҳоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки имконоти маҳдуди таъминот бо кор ба он оварда расонидааст, ки 40%-и аҳолии коршоям бахри дарёфти кори муносиб қаламрави кишварро тарк мекунанд ва рушди иқтисод асосан аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба даст оварда мешавад.
Таъкид мегардад, ки сатҳи пасти ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар (20% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2012) рушди минбаъдаи иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави кориро маҳдуд мекунад. Ҳатто ин ҳаҷм ҳам аслан аз ҷониби ҳукумат ва шарикон оид ба рушд маблағгузорӣ шуда, саҳми сармоягузорони хусусӣ ҳамагӣ 4% нисбат ба ММД арзёбӣ мешавад.
Коршиносони БОР бар ин назаранд, ки бо назардошти маҳдудиятҳои молии ҳукумат, баҳри рушди ояндаи иқтисоди кишвар сармоягузориҳои бахши хусусӣ бояд саҳми назаррас дошта бошанд.
«Чун дигар кишварҳои Осиё, ки ба интиқоли маблағҳои пулӣ вобастагии зиёд доранд, Тоҷикистон низ тавасссути афзоиши ҳиссаи ин воситаҳо ва сармоягузории он ба иқтисод ва бидуни истифодаи он ба истеъмол метавонад фоида ба даст орад», - машварат медиҳанд коршиносони бонк.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2012 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 872,3 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи пасттарин аст. Соли 2012 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 12006,6, Туркманистон – 6510,6, Ӯзбекистон – 1717 ва Қирғизистон – 1160 доллари ИМА-ро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста