Дар Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қоидаҳои нав ва меъёрҳои байнулмилалӣ дар авиатсия қабул хоҳанд шуд, ки мутобиқи он, назорат ва танзими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ сангинтар карда мешаванд.
Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Алишер Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи ташрифи ҳайати аудиторони Civil Aviation Organization - Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ба қонунгузории авиатсионӣ тағйирот ворид карда мешавад.
Маҳз ҳамин сафар, ки баъди 5 соли санҷиши охирин сурат мегирад, барои Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд, зеро дар сурати арзёбии ғайриқанотабахши ICAO, Тоҷикистон метавонад ба «рӯйхати сиёҳ»-и кишварҳое шомил гардад, ки авиатсияашон барои мусофирон бехатар нест. Ин санҷиши нақшавӣ буда, ҳар панҷ сол дар кишварҳои узви созмони мазкур гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи Рустамов, аудиторон бевосита на ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки ба вазъи роҳандозии корҳо дар соҳаи назорат ва танзими авиатсия аз ҷониби ҳукумат бештар таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, зеро маҳз назорати хушсифат ва танзим фаъолияти пурсамари ширкатҳои ҳавопаймоиро таъмин карда метавонад.
Рӯзи 23-юми август семинар-машварати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии аврупоии амнияти авиатсионӣ (EASA) ба итмом расид, ки дар бахши ба мутобиқат овардани қоидаҳои авиатсионӣ ба меъёрҳои ICAO ва ҷорисозии қоидаҳои нав ба Тоҷикистон машварат медиҳанд.
«Муддати каме бештар аз 1 моҳ мо санади қоидаҳои ягонаи авиатсиониро таҳия намудем, ки дар он қоидаҳои байнулмилалии ҳамлу нақли мусофирон ва бору коло ва қоидаҳои бехатарии мусофирон ба инобат гирифта шудаанд. Ин санад ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоиву фурудгоҳҳо фиристода шуд, то ки бо он бахубӣ шинос гардида, пешниҳодоти худро ироа намоянд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Рустамов, намояндагони EASA кори ҳукумати авиатсионии кишвар ва асноди таҳияшударо мусбат арзёбӣ намуда, бо аудити ICAO набояд мушкилоте рӯйи кор ояд, вале ҳамеша як ташвише боқӣ мемонад ва дар бахши авиатсияи Тоҷикистон мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки онро тавассути таҳия, қабул ва амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳо мебояд ҳал намуд.
«Ивази тамоми маъмурияти давлатии авиатсионӣ, муттаҳид кардани ҳамаи хадамоти марбут ба авиатсия зарур аст. Ба назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки ба риояи тамоми меъёрҳои аз ҷониби давлат қабулшудаи бехатарии парвоз, ҳамлу нақли мусофирон ва молу коло, ҳолати техникии ҳавопаймоҳо ва ғайра уҳдадоранд, тақвият мебояд бахшид ва танҳо дар ин ҳолат ин соҳа рушд меёбад», - мутмаин аст Рустамов.
Талаботи асосии ICAO –риояи меъёрҳои байнулмилалӣ аст. Талабот аз ҳуҷҷатгузорӣ сар карда, омодагии мутахассисон ва коршоямии техникаро дар бар мегирад. Айни ҳол дар рӯйхати сиёҳ ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Молдова ва дигар давлатҳо қарор доранд. Қазоқистон солҳои тӯлонист, ки талоши аз рӯйхати сиёҳ баровардани ширкатҳои кишварашро дорад, аммо он бенатиҷа анҷом мепазирад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии боркаш – «Хатлон Эйр», «Азия Эйрвэйс» ва «Пар Эйр» ва чор ширкати ҳавопаймоии мусофирбар – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Айшн экспресс эйрлайнс» ба қайд гирифта шудаанд. Ширкати ахирӣ то ҳол барои амалисозии парвозҳо иҷозатномаи ҳукумати авиатсиониро дастрас накардааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста