Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, раисии қисмати тоҷикистонии Комиссияро Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов ва Раиси ҳайати Арабистони Саудиро Ҷаноби Абдулатиф Аҳмад ал Усмон, Вазир, Раиси Кумитаи давлатии Шоҳигарии Арабистони Сауди ба ўҳда доштанд.
Дар рафти ҷаласаи комиссия вохўрии васеи байни ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро баргузор гардида, зарурияти тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, сайёҳи, энергетика, саноат, барқ ва об, тандурустӣ, фарҳанг ва дин, кишоварзӣ, илм ва технология,сохтмон, варзиш ва ҷавонон, назорати маводи нашъаовар, рушд таъкид карда шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда иброз намуд, ки ҳарчанд тайи солҳои охир гардиши савдои ду кишвар 2,7 маротиба зиёд гардида бошад, ҳам бо назардошти имконияти мавҷудаи ҳамкории ду кишвар он моро қонеъ гардонида наметавонад. Дар ин замина, моро зарур мебошад, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи кишварҳоямонро дар самтҳои дар боло зикргардида тақвият бахшем.
Ҳамзамон, аз бахши хусусии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои иштирок ва сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар охири ҷаласа Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштарки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва ҳамчунин Созишнома “Оид ба маблағгузории лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳои миёна” ба имзо расонида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста