Дар зарфи 7 моҳи соли равон 253 ҳолати қонуншикании маъмурӣ дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра 3 млн. 815,7 ҳазор литр маводи сӯхт, аз ҷумла 2,2 млн. литр сӯзишвории дизелӣ ва 1 млн. 625,4 ҳазор литр бензин мусодира шудааст.
Ҳамин давраи соли гузашта шумори қонуншиканиҳо дар бахши воридоти сӯзишворӣ 211 ададро ташкил дода, ба воридоти 23 млн. 69,6 ҳазор литр сӯзишворӣ, аз ҷумла 2 млн. 72,5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 1 млн. 502,1 ҳазор литр бензин ва 19,2 млн. литр керосин кӯшиш ба харҷ дода шуда буд.
Маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки сарфи назар аз коҳиши қонуншиканиҳо ва ҳаҷми сӯзишворӣ, кӯшишҳои интиқоли ғайриқонунии бензин ба қадри назаррас коҳиш наёфтаанд.
«Қонушикании маъмурӣ аз ҷониби боррасон риоя нашудани тартиботи ҳамлу нақли бор, ҷой доштани хатогиҳо дар ҳуҷчатҳо ва ғайра буда, қочоқ нест. Масалан, тайи 7 моҳи соли гузашта ҳодисаҳои қочоқ ҷой надоштанд, имсол бошад, 2 ҳодисаи ба ин монанд сабт гардида, 142 ҳазору 136 литр сӯзишворӣ мусодира карда шуд», - шарҳ доданд дар хадамот.
Тӯли моҳҳои январ-июли соли равон қонушиканон дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 1 млн. 57,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, ҳамчунин дар ҳаҷми 3 млн. 750,9 ҳазор сомонӣ боҷҳои гумрукиро пардохт кардаанд.
Мушкилоти қочоқ ва интиқоли ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд, марз бо Қирғизистон бештар ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи гумрукчиён, ба иллати шаффоф будани марз, эҳтимоли қочоқ меафзояд, вале мақомот дар ин самт муваффақона фаъолият дошта, дар 90%-и ҳолатҳо қонуншиканон ошкор карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста