Паймонкори амалисозии марҳилаи дуюми «Лоиҳаи харидории техника ва таҷҳизотҳои нигоҳдории роҳҳо барои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ширкати ҷопонии «Иточу Корпорэйшн» интихоб шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалов хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои тендери баргузоршуда аз 27-уми август то 1-уми сентябр оид ба интихоби паймонкор миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистонва ширкати «Иточу Корпорэйшн» созишномаи дахлдор ба имзо расид.
«Ширкати мазкур амалисозии марҳилаи аввали лоиҳаро низ анҷом дода, интихоби маҳз ҳамин ширкатро мо мувофиқи мақсад донистем, зеро дар маҷмӯъ онҳо аз ҷузъиёти лоиҳа огаҳии хуб доранд», - иброз дошт ӯ.
Муовини вазири нақлиёт зикр кард, ки лоиҳа аз ҳисоби бурси Ҷопон дар ҳаҷми 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад. Қаблан дар Вазорати молия ҷонибҳо созишнома дар бораи ҷудо гардидани маблаги мазкурро ба имзо расонида буданд. Аз итмоми амалисозии лоиҳаи мазкур ахири соли оянда интизорӣ меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста