Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 6-уми сентябр бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти роҳбарии Ҷонатан Данн мулоқот кард.
Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷараёни иҷрои буҷети соли 2013 ва ҳамчунин маблғҳои хароҷоти буҷет ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳо бобати афзудани даромад ва дигар масоили сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари ҳайати ХБА роҷеъ ба нишондиҳандиҳандаҳои назоратии пешгӯишавандаи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешниҳодоту тавсияҳои худ дар ин хусус ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҳайати ХБА ният дорад, ки оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молия табодули назар намояд.
Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молияву андоз ва муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар созмонҳои байнулмилалии молӣ ва бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои андешида аз ҷониби ҳукумати ҶТ ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд.
Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар қисмати баргузории ислоҳот дар соҳаи молияи Тоҷикистон комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Вазир изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо ХБА густариши бештар пайдо хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста