Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо иштироки раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ва меҳмонон Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Ҳотам ҷаласа баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ҷаласа кормандони дастгоҳи Раёсати Амонатбонк, мудирони филиалҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ ширкат доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласаро нахуст Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова оғоз намуда, аз дастовардҳои Бонк тӯли солҳои соҳибистиқлоливу ягонагӣ маъруза намуданд. Дар маърузаи худ Гулнора Кенҷаевна аз дастовардҳои Бонк ва тӯли ин солҳо ба пешравиҳои зиёде ноил шудани Амонатбонк мисолҳои зиёде оварда самараи онро аз сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат арзёби намуданд.
Сипас Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Каромат ҳозиринро бо Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда мисолу иқтибосҳо аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва самараи Ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон ва дастовардҳои мардуми тоҷик дар бахшҳои гуногун тули 22-сол андешаҳои худро баён карданд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа бахшида ба ин ҷашни миллӣ Истиқлолияти давлатӣ, 129 нафар кормандони фаъоли Бонк аз тарафи роҳбарияти Раёсат бо Ифтихорномаву Раҳматномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин сардори шуъбаи амалиётии филиали №66 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ВМКБ Саидшо Шоҳзодаев бо мукофоти давлатӣ, медали Хизмати шоиста сазовор гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста