Дар гузориши ҳамасолаи Маркази таҳқиқоти ҳамгиройиии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти унвони «Мониторинги сармоягузориҳо дар кишварҳои ИДМ – 2013» зикр мегардад, ки ҳаҷми маблағгузории мутақобилаи хориҷии захирашудаи мустақими кишварҳои зуви ИДМ қариб 54 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар зарфи се соли баъдибуҳронӣ ба андозаи 32% афзудаанд.
Гуфта мешавад, миёни сармоягузорон ширкатҳои русиягӣ пешсафанд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012, 82,7% (44,5 млрд. $)-и ҳаҷми маблағгузории андӯхташудаи мутақобилаи хориҷӣ ба Русия рост омада, муомилоти бузургҳаҷм низ аз ҷониби ширкатҳои русиягӣ амалӣ шудаанд.
Тибқи гузориш, сармоягузоронии бузурги минбаъда дар минтақа Қзоқистон – 5,62 млрд. $, Украина – 1,57 млрд. $, Озарбойҷон – 1,55 млрд. $ ва Белорус – 0,40 млрд. $ мебошанд. Дар гузориш ҳиссаи дигар кишварҳо дар ҳаҷми умумии маблағгузории андӯхташудаи мутақобилаи хориҷӣ ночиз арзёбӣ мешавад.
Аз рӯи ҷалби сармоягузорӣ Украина пешсаф буда, 17,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ ба он рост меояд. Ҳаҷми сармоягузории андӯхташудаи мустақими хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон 1 млрд. доллари ИМА (комилан аз ҳисоби сармоягузории Русия)-ро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста