Корҳои таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 ба итмом расида, он ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, интизорӣ меравад, ки лоиҳаи буҷет барои соли оянда 17-уми сентябр аз ҷониби Комиссияи буҷетии назди ҳукумати ЧТ баррасӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар аллакай ахири ҳамин ҳафта ба баррасии Раёсати ҳукумати ҶТ пешниҳод мегардад. Дар идома ин ҳуҷҷат дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки маъмулан ахири ҳар моҳ доир мегардад, баррасӣ хоҳад шуд. Аввали моҳи оянда ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол гардидани лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2014 дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамасола тирамоҳ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон бо пешниҳоди ҳукумат қабул мешавад.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати молия, даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 (бидуни назардошти бурсҳо) дар ҳаҷми беш аз 10,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2,2 млрд. $) пешбинӣ мешавад.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта беш аз 9,9 млрд. сомониро ташкил дод.
Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҶТ ба беш аз 6 млрд. сомонӣ (зиёда аз1,2 млрд. $) баробар шуд, ки аз нақша 0,1% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста