Дар барномаи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 зикр мегардад, ки истеҳсолои кишоварзии мавҷуда дар ҷумҳурӣ фоидаовар ва пурмаҳсул нест.
Дар барнома қайд мешавад, ки истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷойҳои кории устуворро ташкил намекунад, ки ин ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қобили меҳнат оварда расонидааст.
«Имрӯз аз рӯи баҳодиҳии мавҷуда танҳо дар Федератсияи Россия қариб 1,2 миллион муҳоҷирони тоҷик (асосан мардон) кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ тақрибан 550 ҳазор нафар одамон кор мекунанд, ки онҳо 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро истеҳсол мекунанд. Қариб 70 фоизи аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим бо хоҷагии қишлоқ алоқамандӣ доранд», - таъкид мегардад дар барнома.
Муаллифони барномаи зикр мекунанд, ки аз сабаби дар сатҳи баланд қарор доштани муҳоҷират аксарияти аҳолии қобили меҳнатро дар деҳот занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. «Аз ин лиҳоз қисми зиёди корҳои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби занон анҷом дода мешавад, ки дар бисёр ҳолат чун мардон аз ҳуқуқҳои худ, ба монанди андозаи саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, музди меҳнат, дастрасӣ ба маблағҳои молиявӣ ва қарзӣ истифода намебаранд. Инчунин нақши анъанавии зан дар сохтори иҷтимоӣ ба онҳо монеаҳо эҷод менамояд ва ӯ наметавонад дар баробари мардҳо аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд. Бинобар ин, хеле зарур аст, ки таваҷҷуҳи махсус ба талаботи занҳо оид ба дастрасии замин, хариду фурӯши он, воситаҳои молиявӣ ва инчунин тақвияти малакаю баландравии сатҳи маълумотнокии онҳо дода шавад, то ки дар баробари мардҳо занон низ аз имкониятҳое, ки дар чорчӯбаи ислоҳот пешниҳод мегардад, истифода бурда тавонанд», - омадааст дар барнома.
Гуфта мешавад, дар навбати худ муваффақ гаштани ислоҳоти кишоварзӣ асосан аз то кадом андоза амалӣ гаштани имкониятҳои захиравии занҳо ва риоя гаштани ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои пешниҳоднамудаи ислоҳот вобастагӣ дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста