Дар ҳошияи кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё)дар Душанбе, имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» баргузор мешавад.
Дар кори конфронси мазкур аз иштироки ҳайатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Литва, Туркманистон ва ҳамчунин чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад.
Дар ҷаласаи рӯзи аввал масоили рушди роҳи байнулмилалии нақлиётии ТРАСЕКА то соли 2015 ва нақшаи амал дар ин самт баррасӣ шуд. Ҳамчунин атрофи масоили дигари марбут ба ҳамгиройии нақлиётии кишварҳои узви барнома табодули назар сурат гирифта, аз рӯйи натоиҷи чорабинии мазкур имзои Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ва ҳамчунин Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ пешбинӣ гардидааст.
Ғайр аз ин, маросими гузаштани раёсат дар Комиссияи байниҳукуматии ТРАЕСЕКА аз Руминия ба Тоҷикистон доир гардида, қатъномаҳои ниҳоии ҷаласа имзо ва Эъломияи Душанбе қабул карда мешавад.
Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 таҳия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд.
Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад, созишнома ба имзо расид.
Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркия қабул карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста