Зимни суханронӣ дар Конфронси имрӯзаи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» дар Душанбе муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов изҳор намуд, ки барои рушди иқтидори транзитии минтақа Осиёи Марказӣ Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод.
«Яке аз вазифаҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буда, мо ба дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил гардидем», - иброз дошт ӯ.
Давлатов зикр кард, ки тайи даҳ соли ахир дар ҷумҳурӣ бо ин мақсад 23 лоиҳаҳои давлатӣ амалӣ шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 3,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
«Беш аз 1 ҳазору 650 километр роҳҳо, 109 адад пул, 27 километр нақб мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, мо ба бунёди роҳҳое чун Мурғоб-Қулма-марзи Чин, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ-марзи Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистон ва ғайра муваффақ гардида, имрӯз ин роҳҳои таъиноти байнулмилалӣ пурсамар фаъолият доранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли муовини аввали нахуствазир, айни замон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,5 млрд. сомонӣ дар бахши нақлиёт дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дошта, як қатор лоиҳаҳо дар ҳоли омӯзишу баррасӣ ва таҳия мебошанд.
«Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд. Роҳу коммуникатсияҳо аллакай мавҷуданд, аммо дар масоили марбут ба содакунии расмиёти ҳамлу нақли транзитӣ, ҳамоҳангсозии тартибот ҳангоми убури марзҳо то ҳанӯз мушкилот ҷой дорад», - афзуд Давлатов ва аз иштиркчиёни конфронс даъват кард, ки бори дигар ин масъалҳоро мавриди таҳлил қарор бидиҳанд.
Дар кори конфронси мазкур ҳайатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Литва, Туркманистон ва ҳамчунин чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста