Маросими расмии мавриди истифода қарор додани нақби «Чормағзак», ки қаблан аввали моҳи сентябр ба нақша гирифта шуда буд, як моҳ дертар доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар нақб пурра ба анҷом расида, айни замон барои ба истифода додани он ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.
Дар маросими расмии мавриди баҳрабрадорӣ қарор додани нақби «Чормағзак» эҳтимоли иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки сохтмони нақби «Чормағзак» баҳори соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби воситаҳои қарзии ҳукумати Чин амалӣ гардид. Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. $)-ро ташкил дод.
Тибқи ҳисобу китоби коршиносон, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани нақб, масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр наздиктар мешавад. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад.
Нақб мувофиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Чин дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бунёд гардид, ки аз фурудгоҳи Душанбе оғоз гардида, то маркази ноҳияи Данғара тӯл мекашад.
Роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара идомаи роҳи Душанбе-Чанак мебошад, ки дар навбати худ қисмате аз роҳи мошингарди байнулмилалии Чанак-Хуҷанд-Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-Қарақорум маҳсуб меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста