Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо гурӯҳи намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ масоили таҳияи ҳисобот оид ба баҳодиҳии омодагии кишвар ба татбиқи низоми Шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ), ки дар доираи барномаи Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИАСММ) амалӣ шуда истодааст, баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ибтидои вохӯрӣ Давлаталӣ Саидов ба мутахассисони хориҷӣ барои амалӣ намудани корҳо оид ба омодасозии ҳисобот миннатдории худро баён намуда, қайд кард, ки Кумита бо мақсади рушди самти мазкур чораҳои назаррасро анҷом додааст. Дар ин раванд, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд таҳия шуда, 28 декабри соли 2012 қабул гардид.
Зикр гардид, ки ҳамчунин Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шуд. «Ҳамаи ин дар маҷмўъ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сиёсати давлатиро дар ин самт ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусиро дар кишвар амалӣ мегардонад», - иброз дошт Саидов.
Роҳбари гурӯҳи мутахассисони КИАСММ - Артур Смит зикр намуд, ки мутахассисон айни замон дар марҳалаи анҷомёбии корҳои омодасозии ҳисобот барои Тоҷикистон қарор доранд ва дар назар аст, ки он моҳи ноябри соли 2013 ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Дар фарҷоми вохўрӣ тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади пешниҳоди нақшаи ҳамкорӣ дар самти рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Маркази байналмилалии КИАСММ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки баҳри таҳия ва паҳн намудани беҳтарин таҷриба ва стандартҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст, омодагии худро изҳор намудаанд.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста