Дар шаҳри Истанбули Туркия Форуми 11‑и Шурои нақлиётӣ, ҳамлу нақли баҳрӣ ва алоқа, баргузор гардид, ки «Ояндаи ҷаҳонишавии нақлиёт ва имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар ин самт» аз мавзӯоти асосии Форуми мазкур ба ҳисоб мерафт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар Форум намояндагон аз 23 давлати Осиё, Аврупо ва ИМА, инчунин якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ECО), Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (OIC), Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ (ITU), Федератсияи байналмилалии роҳҳо (IRF) ва ғайра иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар форум муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон – Ганҷалов Ш.Р ва муовини сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – Саидов Қ. муаррифӣ намуда, вобаста ба дастдовардҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти рушди муносиботи минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамгироии системаи нақлиётии кишвар бо системаи нақлиётии ҷаҳонӣ, такмили заминаи қонунгузории соҳа бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин бунёд ва ташаккули шабакаи марказҳои логистикӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, мутобиқи барномаи Форум мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни намояндагони кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла бо вазири нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон Довуд Алӣ Наҷафӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон Аскар Жумагалиев ва вазири нақлиёт ва роҳҳои Эрон Аббос Ахоундӣ мулоқотҳо оид ба масоили рушди муносиботи тарафайн дар самти ҳамлу нақли автомобилӣ анҷом дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста