Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши хусусӣ ва молиявии бонки номбурда оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Палома Анос Касеро масъалаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд ва дурнамои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ва мулоқоти муфид ҷонибҳо аз натиҷаҳои хуби ҳамкориҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллӣ дар бахши назорати бонкӣ, авнавсозии низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар ин ҷода таҷрибаи бой ва қобили дастгирӣ ба даст омадааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мавриди дурнамои идомаи муносибатҳои дуҷониба хонум Палома Анос Касеро ва Абдуҷаббор Ширинов ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи бахши молиявӣ, ки яке аз ҷузъҳои он инкишоф ва назорати бозори суғуртаро дар бар мегирад, баён карданд.
«Ҳамчунин, дар ҷараёни баррасии ин масъала, изҳор гардид, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ болои лоиҳаи номбурда мулоқоту машварат ва музокиротҳои кориро идома хоҳанд дод», - гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуоти БМТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста