Дар ҷараёни кори Конфронси имрӯзаи миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» дар Душанбе зикр гардид, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии маблағузории хурд ба бахши савдо ва ҳамагӣ 4,6%-и он ба соҳаи истеҳсолот рост меояд.
Ба андешаи роҳбари ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова, барои рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, вале дар ҳамин ҳол, «дар роҳандозии тиҷорат ҳамчунин мушкилоте чун сатҳи пардохтпазирии нокофии аҳолӣ, афзоши нархҳо дар нақлиёт ва мавҷуд набудани дастрасӣ ба технологияҳои инноватсионӣ низ ҷой доранд». «Ҳалли мушкилоти қарзҳои хурди миқдори зиёд барои корхонаҳои тозатаъсис зарур аст», - гуфт номбурда.
Дар конфронс ҳамзамон зикр гардид, ки миқёси фарогирии аҳолии Тоҷикистон бо хизматгузориҳои маблағгузории хурд комилан нокофӣ аст. Миёни сабабҳои ин вазъ иқомати аксари аҳолӣ дар манотиқи деҳот ва дур аз шаҳру маркази ноҳияҳо номбар шуд.
Ба андешаи иштирокчиёни конфронс, роҳандозии стратегияҳои нав ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ зарур мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста