Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 70 млн. доллари ИМА ба амалисозии лоиҳа баҳри таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва рушди инклюзивӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди вазъ, сатҳи бехатарӣ, хизматгузории техникии роҳҳо ва ҳамчунин таъмини беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро маъқул шуморид.
Дар иттилоияи БОР зикр мегардад, ки дар доираи амалисозии лоиҳа тақрибан дар 88 километри роҳи мошингарди Сайрон-Қарамиқ, ки қисмате аз роҳи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (АРЭС) маҳсуб меёбад ва дар километрҳои 3, 5 ва 87-и роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг роҳҳо таҷдиду таъмир ва сатҳи бехатариву хизматгузории техникиашон беҳтар мегардад.
Дар чаҳорчӯби лоиҳа вазъи ҳудуди 30 километр роҳҳои деҳоти ноҳияи Восеъ ва Ховалинг беҳтар гардида, дар шафати роҳ минтақаҳои истироҳат бунёд мешаванд ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин таҷҳизоти энергияи офтобӣ насб мегарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ҳаҷми 19 млн. доллари ИМА ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрочии лоиҳа маҳсуб ёфта, анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.
Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд. Соли 2012 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 8,3 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста