Рӯзи 26-уми сентябр дар ноҳияи Рашт бо иштироки вазири энергетика ва саноати Гул Шералӣ маросими кушодашавии нерӯгоҳи барқӣ-обии хурди «Тутак» баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, сохтмони иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, маблағи лоиҳавии иншооти НБО-и хурди «Тутак» беш аз 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва иқтидори солонаи он истеҳсоли 586 кВт /соатро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, таҷҳизотҳои иншооти мазкур аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда шуда, айни ҳол нерӯгоҳ дар ҳолати беборӣ кор карда истодааст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, айни замон корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони боз 14 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар қаламрави Тоҷикистон идома дошта, мавриди истифода қарор додани нисфи он то ахири сол дар назар аст.
Феълан шумори нерӯгоҳҳои хурдӣ обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон 305 ададро ташкил дода, иқтидори умумии онҳо ба беш аз 25 ҳазор кВт баробар аст. Аз шумори умумии ин нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҳамагӣ 113-тоаш фаъоланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста