Корҳои сохтмонӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Душанбе»-2» тибқи нақшаи пешбинишуда идома доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, айни замон дар сохтмони маркази мазкур 1,4 ҳазор нафар бинокорону мутахассисон машғули кор буда, ҳафтаи оянда шумори онҳо то ба 1,5 ҳазор нафар мерасад. «Дар кори сохтмон беш аз 160 адад техникаву таҷҳизоти гуногун мавриди истифода қарор доранд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз сохтмони дегхонаи №1 ва дудбаро пурра ба анҷом расида, корҳои бетонрезӣ дар иншоот дар ҳаҷми 42 ҳазор метри мукааб ба иҷро расидаанд.
Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.
Иқтидори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» 200 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Мавриди истифода қарор гирифтани блоки аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста