Зимни суханронӣ дар Конфронси VII-уми миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ: нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе раиси Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева изҳор намуд, ки аз ислоҳоти солҳои ахир натиҷае ҳосил нашуда, муҳити сармоягузорӣ низ беҳтар намешавад.
«Ислоҳот қариб чизе ба мо надод. Биёед, қайди дубораи тиҷоратро мисол мегирем. Кумитаи андоз ин тартиботро хеле мушкил сохт. Аллакай даҳҳо нафар бидуни қайд монданд, мо онҳоро аз даст додем. Мо мегӯем, ки ислоҳот ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ мусоидат мекунад, вале дар амал муҳити сармоягузорӣ низ беҳтар намешавад», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Ӯлҷабоева, ниҳодҳои дахлдории давлатии таъсисёфта низ дар ин самт воқеъан ба беҳбуди вазъ мусоидат намекунанд, ки Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президент яке аз онҳо мебошад.
«Соҳибкорон шикояти зиёд доранд. Ман аз як корманди масъули Шӯрои мазкур фаҳмидам, ки «соҳибкорон ба онҳо эътимод надоштаанд». Чаро ба онҳо бояд бовар дошта бошанд, вақте танҳо як масъалаи беҳбуди ба ҷумҳурӣ ворид намудани нуриҳои минералӣ, техника, таҷҳизот, маводи кимиёвӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад? Барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир ба соҳибкорон умуман ҳеҷ имтиёзе дода намешавад», - номбар кард Ӯлҷабоева.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои ширкатҳои алоҳида, аз қабили «Сомон Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки сатҳи хизматгузориашонро беҳтар накарда, танҳо арзиши онро боло мебаранд, пардохти ААИ бекор мегардад. «Дигарон чӣ кор кунанд?», - савол дод ӯ.
Бо муроҷиат ба ташкилотҳои молиявии хурд ӯ қайд кард, ки «ниҳодҳои молиявӣ воситаҳо барои рушд мебошанд ва Шумо кӯшиш ба харҷ диҳед, ки онро беҳтар намоед!».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста