Дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи забон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа меҳмонон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова, Шодмонҷон Мансуров ва шоира Меҳриниссо ширкат доштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», ҷаласаи тантанавиро муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Абдуманнон Саидов оғоз намуда перомуни гиромидошти забони давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муқаддаси Истиқлолияти комили Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони ноби тоҷикӣ ибрози андеша намуда меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам намуд. Сипас шоира Меҳриниссо аз фазилат ва таърихи бою ғании забони тоҷикӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷик бо шеърҳои ватандустона ба иштирокчиён андешаҳои худро баён намуданд. Иштирокчиён аз шеърҳо ва суханони шоира Меҳриниссо ба ваҷҳ омада андешаҳои шоираро самимона истиқбол намуданд.
Дар идомаи ҷаласа намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова, Шодмонҷон Мансуров ба суолҳои иштирокчиён посух дода атрофи ҳифзи забони ноби тоҷикӣ андешаронӣ намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста