Нимаи дуюми рӯзи 2-юми октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора ба кор дароварда шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин корхонаи дар гузашта бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасоии гази табиӣ аз кор боз монда буд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Хушбахтона захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басандагӣ мекунад.
Ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав камасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеҷ гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми корхонаи сементи шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.
Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад. Аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи дубораи ин корхона изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки навбати дуюми корхона ҳам ҳарчи зудтар ба кор дароварда шавад. Таъкид гардид, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста