Афзоиши қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 1 млрд. 843,5 млн. сомонӣ (15,3%) асосан аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ ва бурсҳои дастгирии буҷет таъмин мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ, ғайр аз ин,ҳудуди 113,1 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва 98,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ворид мешаванд. Ҳаҷми умумии буҷети давлатии пешбинишуда барои соли 2014 – 13 млрд. 901 млн. сомониро (28,7% нисбат ба ММД) ташкил медиҳад.
Дар иттилои Вазорати молия зикр мегардад, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи буҷет, соли 2014 аз Кумитаи андоз ба буҷет 6 млрд. 924 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардад, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 20,3% зиёдтар аст. Ҳаҷми даромад аз боҷҳои гумрукӣ 3,8 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли пешин 18,8% бештар мебошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми қарзи кишвар ба Чин дар соли 2014 то 282 млн. сомонӣ коҳиш меёбад, ки нисбат ба ҳаҷми қарзи соли 2013 28,4% камтар аст.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, дар он нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2014 баррасӣ шуданд.Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст. Қурби миёнаи доллари ИМА дар соли 2014 тибқи маълумоти Бонки миллӣ 4,84 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста