Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ишғоли мансаби сардори Раёсати авиатсияи гражданӣ озмун эълон кардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи кадрҳои Вазорати мазкур хабар доданд, роҳбари пешина бо хоҳиши худаш аз кор озод гардида, имрӯз иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсат Исмоил Ҷобиров аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки танҳо соли равон сардори ин раёсати вазорат се бор иваз карда шуд ва он ҳам дар пешорӯи аудити Civil Aviation Organization - Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) сурат мегирад.

Маҳз Раёсати авиатсияи гражданӣ ба бахши авиатсияи Тоҷикистон масъул буда, то нимаи моҳи ноябри соли 2013 бояд тамоми ҳуҷҷатҳоро мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонад.

Қаблан ду роҳбари ин раёсат ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуда буданд, ки иҷрои тамоми тавсияву талаботи ICAO, ки зимни аудити охир соли 2008 ба Тоҷикистон дода шуда буданд, кори осоне нест ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон воқеъан ҳам метавонанд ба «рӯйхати сиёҳ» шомил гарданд, ки авиатсияашон барои мусофирон бехатар нест. ICAO ба мусофирон тавсия медиҳад, ки аз хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоии шомил ба ин рӯйхат истифода накунанд ва анҷом додани парвозҳо ба Аврупо барои ин ширкатҳо манъ карда мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Исмоил Ҷобиров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки корҳои бартараф кардани камбудиҳои аз ҷониби ICAO ишорашуда босуръат ҷараён дошта, «умедворем, ки то ташрифи аудиторони ICAO ҳамаи тавсияҳову пениҳодҳояшонро ба иҷро мерасонем».

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар ин робита иттилоъ дода будем, ки комиссияи Созмони байнулмилалии ҳавопаймоии мулкӣ (ICAO) аудит (санҷиш)-и нақшавии низоми ҳавопаймоии Тоҷикистонро баргузор мекунад.

Ахири моҳи августи соли равон Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Алишер Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар доираи ташрифи ҳайати аудиторони ICAO дар Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қоидаҳои нав ва меъёрҳои байнулмилалӣ дар авиатсия қабул хоҳанд шуд, ки мутобиқи он, назорат ва танзими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ сангинтар карда мешаванд.

Он замон Рустамов зикр карда буд, ки аудиторон бевосита на ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки ба вазъи роҳандозии корҳо дар соҳаи назорат ва танзими авиатсия аз ҷониби ҳукумат бештар таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, зеро маҳз назорати хушсифат ва танзим фаъолияти пурсамари ширкатҳои ҳавопаймоиро таъмин карда метавонад.

Ба андешаи Рустамов, ивази тамоми маъмурияти давлатии авиатсионӣ, муттаҳид кардани ҳамаи хадамоти марбут ба авиатсия зарур аст. Ба назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки ба риояи тамоми меъёрҳои аз ҷониби давлат қабулшудаи бехатарии парвоз, ҳамлу нақли мусофирон ва молу коло, ҳолати техникии ҳавопаймоҳо ва ғайра уҳдадоранд, тақвият мебояд бахшид ва танҳо дар ин ҳолат ин соҳа рушд меёбад.

Имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва кишварҳои зиёди дигаре ба «рӯйхати сиёҳ»-и ICAO шомиланд ва муддати чандин сол аст, ки Қазоқистон кӯшиши аз он хориҷ шуданро дорад, вале алҳол бенатиҷа.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии боркаш – «Хатлон Эйр», «Азия Эйрвэйс» ва «Пар Эйр» ва чор ширкати ҳавопаймоии мусофирбар – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Айшн экспресс эйрлайнс» ба қайд гирифта шудаанд. Ширкати ахирӣ то ҳол барои амалисозии парвозҳо иҷозатномаи ҳукумати авиатсиониро дастрас накардааст.