Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ болоравии этимоди мардум ба бонкҳоро таъкид месозанд.
Бино ба иттилои хадамоти матюбуоти БМТ, бақияи пасандозҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз афзун гашт. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 36,3 фоиз (маблағи 1 млрд. 916,1 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,7 фоиз (3 млрд 358 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил додаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,63 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,18 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,26 фоиз ва 2,2 фоиз кам шуданд.
Дар робита ба қарзҳо иттилоъ дода мешавад, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 63,5 фоиз (4 млрд. 370,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,5 фоиз (2 млрд. 514,1 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,63 фоизи солонаро ташкил доданд.
Чун моҳҳои пеш бинобар зиёд гардидани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурд дар давраи ҳисоботӣ ба 3 млрд. 035,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз афзуд. Аз он ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад.
«Кам кардани меъёри қарз ва пасандозҳо ба иқтисод таъсири мусбат мерасонад. Бо ҷалби захираҳои нисбатан «арзон»-и аҳолӣ бонкҳо имкон пайдо мекунанд, ки тавассути пешниҳоди қарзҳо бо фоизҳои камтар ба иқтисоди ҷумҳурӣ маблағгузорӣ кунанд», - шарҳ доданд дар БМТ.
Бино ба маълумоти БМТ, тасҳеҳи меъёрҳои қарз ва пасандозҳо ҳамчунин имкон додааст, ки меъёри бозтамвил дар бандҳои муайян низ коҳиш дода шавад ва ояндаи наздик боз коҳиш додани меъёри бозтамвид аз 6,1 то 5,5% дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста