Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» оғоз карданд.
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати муовини раиси палата Амиршо Миралиев дар ин бора қарори дахлдор қабул шуда, кумита ва комиссияҳои парлумон муддати се ҳафта нишондиҳандаҳои буҷети соли ояндаро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ахири моҳи сентябр ҳукумат лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014» ва нишондиҳандаҳои буҷет дар солҳои 2015-2016-ро баррасӣ намуд.
Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҷаласаи имрӯза Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи суғуртаи хатарҳои бахши кишоварзӣ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, гурӯҳи кории мазкурро раиси Кумитаи масоили аграрӣ, захираҳои об ва замини МНМО ҶТ Саиди Ёқубзод роҳбарӣ мекунад.
Ба гуфтаи Султонов, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағийроту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти сохтмону нигоҳдории роҳҳо», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо» ва «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ» низ баррасӣ шуданд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста