Айни замон дар низоми энергетикии Тоҷикистон дар як шабонарӯз 39 млн. 912 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба нимаи моҳи октябри соли гузашта 5 млн. кВт/соат зиёдтар аст.
Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки аз ин ҳаҷм шабонарӯзӣ 38 млн. 432 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ дар дохили Тоҷикистон истифода шуда, 1 млн. 480 ҳазор кВт/соат ба Афғонистону Қирғизистон содирот мегардад, ки аз ин миқдор 1 млн. 312 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ тариқи хатти интиқоли Сангтӯда-Пули Хумрӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.
Дар Вазорат зикр карданд, ки шояд аллакай аз моҳи ноябр содироти нерӯи барқ ба охир расад, зеро дар ин вақт коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест. «Айни замон истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби маҷрои об амалӣ шуда, сатҳи об дар обанбори Норак дар сатҳи 910 метр (сатҳи ниҳоӣ) қарор дорад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта дар ҳамин сана 58 см баландтар аст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, маҷрои воридоти об ба обанбори Норак 462 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ба хароҷоти об барои истеҳсоли нерӯи барқ мутобиқ аст. «Чун ба истеҳсоли барқ аз ҳисоби оби захирашудаи обанбор оғоз кардем, содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар қатъ мегардад. Таври маълум, Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳаҷми зиёдатии барқро интиқол медиҳад», - гуфт манбаъ.
Дар Вазорат бар ин назаранд, ки бо имконпазир будани афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар моҳҳои ноябр-декабр аз ҳисоби ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2, имсол шояд реҷаи маҳдудияти истифодаи барқ нисбат ба солҳои пешин сабуктар гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста