- Суди ҳакамии Швейтсария қарор кард, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба корхонаи фаръии «Русал» - Hamer Investing Ltd барои зиёни расида бо шумули тамоми хароҷоти судӣ бояд 275 млн. $ маблағ пардохт намояд, - иттилоъ медиҳад бо истинод ба як манбаъ дар ширкати «Русал» Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва судии Русия.
Маблағи пардохт аз 112,7 млн. $ - арзиши гилхок ва дигар ашёи хоми аз ҷониби Hamer Investing Ltd ба ТАЛКО расонидашуда бо шартҳои шарикӣ дар соли 2003, фоидаи аздастрафта (даромади вориднашуда) дар ҳаҷми 147 млн. $ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи ҳудуди 14,56 млн. $ иборат аст.
Тамоми эътирозҳо оид ба даъвои муқобили даъво ба маблағи наздики 400 млн. доллари ИМА аз ҷониби ТАЛКО нисбат ба ширкати русиягиро суди Швейтсария рад кард.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии Ширкати алюминии тоҷик Игор Сатторов дар ин робита изҳор намуд, ки ин «қарори ниҳоӣ» нест, зеро «мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, ин мурофиа ба таври кофӣ тӯлонӣ буда, боз якчанд марҳилаи дигарро пешбинӣ мекунад».
«Тартиботи мурофиа дарҳол иҷрои қарори қабулшударо пешбинӣ намекунад, зеро он бояд боз якчанд зинаҳоро тай намояд. Ҷанбаи дигаре низ мавҷуд аст, ки ин масъала бояд дар суди мо баррасӣ шавад. Аз ин рӯ, дар бораи ба касе қарздор будани ТАЛКО сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст», - шарҳ дод Сатторов.
Ба гуфтаи ӯ, миёни ТАЛКО ва «Русал» қарордоде мавҷуд аст, ки мувофиқи он тамоми масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба, бахусус бо чунин муҳлати тӯлонӣ, «маълумоти махфӣ» маҳсуб меёбанд. «Муносибатҳои дуҷонибаи мақомоти раҳбарии ширкатҳо бошад, дар сатҳи қаноатбахши корӣ қарор дошта, айни замон ҳам оид ба масоили ҳамкорӣ ва ҳам масоили даъвоҳои дуҷонибаи ба мо меросмонда гуфтушунид ҷараён дорад», - афзуд номбурда.
«Русал» яке ширкатҳои муваффақи ҷаҳон дар истеҳсоли алюминий ба шумор меравад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти ҷаҳонӣ 9% алюминий ва 8% гилхок ба ҳиссаи ин ширкат рост меояд. Ширкат дар 19 кишвари дунё фаъолият дорад. Соли 2012 ширкат ҳаҷми истеҳсоли алюминийро ба андозаи 1% (то 4,173 млн. тонна) афзуда, ҳаҷми истеҳсоли гилхок бошад, ба миқдори 8% (то ба 7,477 млн. тонна) коҳиш ёфт.
Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) корхонаи ягонаи саноатии истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар ин корхона ба андозаи 2% (то 272,5 ҳазор тонна) коҳиш ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста