Дар ҷаласаи васеи имрӯзаи Кумитаи иқтисод ва буҷети палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев лоиҳаи буҷети давлатии соли 2014 баррасӣ ва маъқул шуморида шуд.
Ҳамин тариқ, кумитаҳои парлумон баррасии лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014-ро ба итмом расониданд. Интизорӣ меравад, ки рӯзи 23-юми сентябр лоиҳаи қонуни мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ пешнҳод мегардад.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ахири моҳи сентябр ҳукумат лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014» ва нишондиҳандаҳои буҷет дар солҳои 2015-2016-ро баррасӣ намуд.
Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста