Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 353 ҳазору 502 тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазору 91 тонна зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар он аст, ки аксари корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази истифодаи гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ ба истифодаи ангишт гузаштанд.
«Корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки қаблан ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекарданд, қисман ба истифодаи ангишт гузаштанд, - гуфтанд дар взаорт. – Масалан, ширкати алюминии «ТАЛКО» ба туфайли насби як таҷҳизоти махсус ангиштро ба газ табдил медиҳад ва чанде қабл корхонаи «Тоҷиксемент» низ як оташдон бо истифода аз ангиштро бунёд намуда, бори нахуст тӯли 10 моҳ ба истеҳсоли семент дубора шурӯъ кард».
Ба иттилои манбаъ, феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 беш аз 150 корхонаи саноатии ҷумҳурӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд. Ғайр аз ин, чандин корхонаҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.
Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста