Чанде қабл бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ҷаласаи нахустини ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Тоҷикистон бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи ҳакамон баргузор гардид.
Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти озмуни мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раисии онро вазир Ш.Раҳимзода ба ӯҳда гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур тибқи маълумоти директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов, дар рафти қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 53 ариза аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ворид гардидааст.
Дар рафти ҷаласа аъзоёни тозаинтихоби ҳайати ҳакамон масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии ғолиб мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ҷониби намояндагони муассиса посухҳои зарурӣ дода шуд.
Зимнан зикр гардид, ки натиҷаи озмуни мазкур дар аввали моҳи декабри соли 2013 ҷамъбаст карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста