Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» ҷонибдорӣ карда шуд.
Зимни ҷаласа муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷараёнии баррасии сеҳафтаинаи лоиҳа дар кумитаву комиссияҳои парлумон вакилон ҳеҷ тағйироту илова ба ин лоиҳа пешниҳод накардаанд.
Ҳангоми шарҳи буҷети соли ояндаи кишвар ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зикр кард, ки чун солҳои пешин маблағи зиёди буҷет ба бахши иҷтимоии кишвар равона мегардад.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷет дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.
«Мувофиқи ҳисобҳои мо, қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба 4,84 сомонӣ барои 1 доллар баробар хоҳад буд», - гуфт вазир.
Ба қавли ӯ, соли оянда Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисод дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. сомониро ба нақша гирифта, барои хароҷот дар бахши иҷтимоӣ 7,7 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста