Марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Бино ба маълуомти Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетики назди президенти ҶТ, н машварати видеоӣ дар дафтари душанбегии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 17, 18 ва 21-уми октябр баргузор шуд ва иштироккунандагон бо дафтарҳои ин ниҳоди молӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Вашингтону Кобул ва Париж сӯҳбати мустақими видеоӣ барпо кардаанд.
Машварати мазкур бо мақсади шиносоии ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои поёноб бо натиҷаи таҳқиқоти фаннии тарҳи нерӯгоҳи Роғун доир шудааст. Дар ҷараёни ин нишаст барои намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва беш аз 30 созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Алма-Ато, Остона, Ашқобод, Душанбе, Кобул ва Тошканд конфаронси видеоӣ гузаронда шудааст.
Марҳалаи чоруми машварат бо кишварҳои поёноб ба масъалаи бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун бахшида шуда,, дар он ду гузориш шунида шуд. Яке натиҷаи корҳои геологӣ ва геотехникии таҳқиқоти садди обанбор ва обнигоҳдорӣ, дувум - баҳогузорӣ ба рафти корҳои нерӯгоҳи Роғун, хусусан анҷоми корҳои зеризаминӣ ва сохтмону тармими нақбҳо.
Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алма-Ато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуда буд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста